User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

1. Ёрдамчии судяи Суди конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон- 1 ҷой,

Талаботи тахассу­сӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ пазируф­та  мешавад);

- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;

- кор бо компютер;

Маошимансабӣ1519,00сомонӣ, боназардоштиило­вапулӣбароисоби­қаихизматидав­латӣ.

  1. 2. Сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси шуъбаи корҳои умумӣва хизмати давлатии дастгоҳи  Суди конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ (ҳуқуқшинос, кадршинос, сотсиолог, мутахассисони со­ҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуманитарӣ);

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ пазируф­та  мешавад);

- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;

- кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣва муҳосибавии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1124,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Номгуи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби довталабон

барои иштирок дар озмун пешниҳод мегардад:

- ариза ба унвони Раиси Суди констиутсионӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом, замимаи диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

      - эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонаму­данд);

- маълумотнома оид ба доѓи судӣ.

Ҳуҷҷатҳоидовталабондар муҳлати 21 рўзбаъд аз нашриаввалиэълон, ки дар нашрия дарҷ гардидааст, қабул карда мешаванд. Нишонииқабулиҳуҷҷатҳо: шаҳри Ду­шан­бе, кўчаиБохтар 48., телефонбароимаълумот:221-55-50;227-38-09Веб-сайти Суди конститутсионӣ «www.constcourt.tj»

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.