User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

9 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Иншоот, ки аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст, барои фароҳам овардани шароити арзанда ба кормандони нозироти андоз дар масоҳати умумии 1 ҳазору 230 садяк замин сохта шудааст.

Бинои нав дорои 14 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи техникӣ ва як толори маҷлисӣ бо 65 ҷои нишаст мебошад. 

Дар бино терминали хизматрасонӣ, шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин ҷо барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нуқтаи махсус ташкил шудааст.

Ошёнаи дуюм дорои ҳуҷраҳои гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқӣ, бахши ситонидани қарзи андозҳо ва 3 ҳуҷраи дигари корӣ мебошад.

Бинои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта шудааст. 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар бинои нави нозироти андози ноҳия барои фаъолияти 25 нафар корманд шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони  соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагони ноҳия, ки шумораашон 57 ҳазор аст, ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки бо мардум ҳамкорӣ ва муомилаи хуб дошта бошанд. 

Сарчашма:president.tj