Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Муҳмадалдиевич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур кормандони Агентии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатии ҷавони вазорату идораҳо, магистрантони магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», шунавандагони курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рўйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида ќайд намуданд, ки аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил дода, Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ҷавонон мешиносанд.
Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, умеди фардо ва захираи стратегии давлату миллат мебошанд. Имрўзҳо ҷавонон бо дарки баланди масъулиятшиносиву меҳанпарастӣ, бо садоқат ба Ватан ва халќи Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ кору фаъолият мекунанд.
Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи ҷавононро мавриди таваҷҷўҳи махсус қарор дода, барои рушди он мунтазам тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин масъалаи таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ буда, пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Агар ба таърихи ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибии идоракунии давлатӣ назар андозем, маҷмўи ҳидоятҳоро мебинем, ки ҳамагӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иќтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ нигаронида шудаанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Аз натиҷаи татбиқи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидашуда, теъдоди хизматчиёни давлатии то 35-сола ва ҷавонони роҳбарикунанда рў ба афзоиш дорад.
Аз ҷумла, маълумотҳои омории соҳа дар солҳои 2009-2024 шаҳодат медиҳанд, ки теъдоди ҷавонони то 35-сола дар соли 2009 6586 нафар ё 35,3 фоиз ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2012 ба 7620 нафар ё 40,6 фоиз, дар соли 2015 8205 нафар ё 44,8 фоиз, дар соли 2019 8437 нафар ё 45,5 фоиз ва дар нуҳ моҳи соли 2024 ба 9010 нафар ё 49,0 фоиз баробар гардидааст.
Дар ҳайати роҳбарикунанда низ афзоиш ёфта, аз теъдоди 1056 нафар ё 18,0 фоизи соли 2009 то ба 1312 нафар ё 23,1 фоиз дар соли 2015 ва 1655 нафар ё 28,1 фоиз дар нуҳ моҳи соли 2024 расидааст.
Ҳамчунин дар маърӯзаҳои дигар баромадкунандагон таъкид гардид, ки ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бомароми соҳа ва дастгирии пайвастаи ташаббусҳои ҷавонон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Дар рафти баргузории ҳамоиш мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 2 нафар мутахассисони ҷавони Агентии хизмати давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, савганд ёд намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур як зумра ҷавонон, ки софдилона ва бомасъулият уҳдадориҳои мансабии худро иҷро менамоянд, бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон