Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 30-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич, директори Агентии хизмати давлатӣ Ализода Зариф – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мўсоева Рафиќа Ѓаниевна - ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд..
Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур кормандони Агентии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо, таҳсилгирандагони магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», шунавандагони курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рўйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
. Дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. иштирокчиёнро бо 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зимни суханронӣ иброз карданд, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои бебаҳои миллӣ ва дар як вақт бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардид.
Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд.
Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки сӣ сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ дар давраи басо мушкил Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалќӣ қабул намуд.
Бешубҳа, қабули Конститутсия дастоварди шоёни халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург дорад.
Ҳамчунин тибқи Конститутсия Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соири давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми тарафайн эълон кард.
Тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон бевосита ё бавосита ба қабули Конститутсия алоқаманд мебошанд. Зеро таъмини ҳуқуқӣ озодиҳои инсон ва шҳрванд, рушди бомароми иќтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз муқаррароту кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
Ҳадафи асосиву ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии сухан ва фаъолияти озоди иќтисодӣ ва дар маҷмўъ таъмини зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон дар ҳудуди кишвар мебошад. Ин нуқтаҳо дар Конститутсия хеле возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Ҳамзамон, ин амр баёнгари моҳияту мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷамъбастии ҳамоиш аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ќонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ як зумра хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ бо рутбаҳои тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин барои дастовардҳои хизматӣ дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар тарбияи хизматчиёни давлатӣ, бо бартарӣ иҷрои намудани уҳдадориҳои мансабӣ як қатор собиқадорон ва хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон