Имрӯз, 28 октябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи курси мазкур, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишо Карамалишоев, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мувофиқи ҷадвали машғулиятҳо, дар раванди курси мазкур шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуъҳои мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд, унсурҳои асосии бунёди давлати муосир бо ҷаҳонбинии дунявӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ пешкаши шунавандагон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар интиҳои курси мазкур, бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар дониста шудааст.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон