User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба кишти ғалла оғоз бахшиданд.

Дар кишти тирамоҳӣ дар заминҳои хоҷагӣ тухмии гандуми хушсифати “аср” кишт гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи ба номи “Турахон Исанқулов” дар ихтиёри худ 375 гектар заминҳои корами кишоварзӣ дорад. Аз ин дар масоҳати 97 гектар замин ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ ва макка барои дон кишт карда мешавад.

Пас аз оғоз бахшидан ба кишти зироат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” ҷамъоварӣ гардидааст, шинос шуданд.

Хоҷагидорон асосан ба парвариши пахта, картошка, сабзӣ, пиёз ва полезӣ машғул мебошанд.

Ҳосили фаровони ба маъраз гузошташуда аз таҷрибаи ғании деҳқонони хоҷагӣ дарак медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истифодаи самараноки ҳар як порча замини кишт, истеҳсоли фаровони хӯрокворӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сарчашма:president.tj