User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 30 июли соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи  Академияи идоракунии давлатӣ Комилбеков А.Ё, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, саҳми занон дар хизмати давлатӣ, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, инчунин талаботи бозорӣ меҳнат ба хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатӣ, фаъолияти сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 Хусусан ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки масъалаи тақвият додани иштироки занон дар хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади тарбия ва дастгирии занони болаёқат, инчунин ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо идома дошта, саҳми занон дар хизмати давлатӣ мунтазам афзоиш дода мешавад.

Аз ҷумла қайд гардид, ки занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.

Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

           

            Агентии хизмати давлатии назди

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон