ҲАМАИ ХАБАРҲО
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳамсафони муҳтарам!
Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳое мавҷуд ҳастанд, ки бо хатти заррин сабт гардида, дастоварду пешравиҳои давлату миллат аз онњо сарчашма мегирад.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон - сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» ҷамъбаст гардид.
Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар дасгоҳи давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 21 июни соли равон ба муносибати Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» барои саҳми арзанда дар татбиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа як қатор хизматчиёни давлатии фаъол-кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез, Насуллозода Файзулло, Садриддинов Аврангзеб, Саидзода Шаҳбоз, Амиршоева Сурайё ва Шокирова Ойшабону-ро бо Сипоснома сарфароз гардонид.
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Қосимзода Гурез - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад, ки
oн аз нaшри нaхустин рӯзнoмaи тoҷикӣ- «Бухoрoи шaриф», ки 110 сол муқаддам таъсис ёфта, минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт, сарчашма мегирад.
Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои таърихии асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, тиҷорату бозаргонӣ, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.
Матбуоти тоҷик дар 110 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.
Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди он такон бахшида шуд. Теъдоди рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам тақвият дод.
Воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқ расонида, хусусан дар замони таҳаввулоту тағйирёбии ҷаҳони муосир ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ нақши бориз дорад.
Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуоти тоҷик ҳамарӯза дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон шоистаи таҳсин буда, ҷиҳати баланд бардоштани худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкорсозӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва дар маҷму барои рушди давлатдорию пешравии ҷомеа муҳим мебошанд.
Итминони комил дорем, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, тарғиби сулҳу субот ба ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату халқ содиқона хизмат хоҳанд намуд.
Дар ин рӯзи муборак аҳли қалам – кулли кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбию ҳаётиро орзу мекунем.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх