User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамсафони муҳтарам!  

Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳое мавҷуд ҳастанд, ки бо хатти заррин сабт гардида, дастоварду пешравиҳои давлату миллат аз онњо сарчашма мегирад.

Барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, ваҳдати миллиро гиромї доштан қарзи шаҳрвандии ҳар як хизматчии давлатї дониста мешавад.  

Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Русия бо иштироки Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони кишварҳои дигар ҳамчун падидаи фарҳанги сулҳофарии тоҷикон муаррифӣ гардид.

Барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои чандинкаратаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари гурӯҳҳои мухолифин дар Афғонистони шимолӣ - декабри соли 1996, дар Москва-декабри соли 1996, дар Машҳад - феврали соли 1997, ду бор дар Кобул ва Теҳрон ва дар маљмўъ музокироти бисёркаратаи байни тоҷикон ва машваратҳои онҳо 4 маротиба дар шаҳри Маскав, 8 маротиба дар Эрон,  3 маротиба дар Ашхобод, 2 маротиба дар Афғонистон, як маротибагӣ дар Покистон ва Қазоқистон пойдевори асосӣ гардид.

Дар нињоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ба имзо расида, мардуми парешонгаштаи моро пайванд ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар бораи аҳамияти Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид».

Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки мо аз нав имкон пайдо намудем, ки ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳифз намоем. Мо бояд ин имконияти таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлолияти Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин исботи воқеие мебошад, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.

Дар ин росто, ҳар як сокини кишвар, алалхусус хизматчиёни давлатӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст оварда нашудааст.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, мақомоту сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, зиёда аз 1 миллион аҳолии кишвар гуреза шуда буд.

Ба шарофати кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва њамрангии халқи тоҷик дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шуда, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ устувор гардид.

Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша меваи дилхоҳро ба бор меорад. Ваҳдати миллӣ барои татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ дар сарзамини мо заминаи заруриро муҳайё сохт.

Дар партави сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Дар баробари таҳким бахшидани аркони давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љињати ташаккули хизмати давлатии муосир ва тайёр кардани кадрҳои миллии ба талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас андешида шуданд, ки таъсиси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, қабули силсилаи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои омода намудани мутахассисон ва рушду нумуи хизмати давлатӣ аз зумраи онҳост.

Имконияти таърихии давлатдории миллӣ дар назди ҳар кадом фарди соҳибдилу соҳибватан, хусусан мо-хизматчиёни давлатӣ масъулияти боз ҳам бештарро мегузорад, то ин ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо, бо заҳмати њамешагии  ва саъю талоши сарҷамъонаву ватандӯстонаи худ барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ҳиссагузор бошем. Ин амал исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш ҳастем.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд: «Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чи мушкилот ва бо чи гуна қурбониҳо ба даст омадааст».

Аз ин рӯ, мо - хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама вазифадорем, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошем.

Дар баробари ин, ҷашни муқаддасу бузурги миллатамон – 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзандаи хизмати истиқбол бигирем.

Итминони комил дорем, ки хизматчиёни давлатӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва якпорчагии кишвар ҳамеша таблиғгару пешкору пешоҳанг хоҳанд буд.

Ваҳдати миллӣ, ки  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд,  боз як далели дигарест, ки дар саҳифаҳои таърих аз тамаддунсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ ва созандагии тоҷикон ҳикоят мекунад.

Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ воқеан ду боли як иқбол ва ду рукни асосии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯ ва тақвият мебахшанд.

Дар остонаи ин ҷашни фархунда бо як ҷаҳон сарфарозию ифтихор аз хиради азалӣ ва суннати таҳаммулпазирию сулҳофаринии миллати фарзонаи тоҷик ба ҳамаи Шумо- хизматчиёни давлатї хонаободию сарбаландӣ, тансиҳатию саодатмандӣ ва хушбахтию хушрӯзиро таманно дорем.

Бигузор ин ҷашни муборак  чун нишони фазилати халқи соҳибтамаддуни тоҷик  ба ҳар кадом хизматчии давлатӣ дар роҳи хидмат ба Ватан ва миллат ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз пайваста нерую илҳоми тоза бахшад.      

Иттиҳоди тоҷикон дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат ҳамеша поянда бошад!

  

                                                                  Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон