User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Қосимзода Гурез - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Дар рафти маҷлис натиҷаҳои фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбик намудани карори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, №1 «Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон»  тасдики накшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» -и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва тасдики Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» барои нимсолаи дуюми соли 2024 баррасӣ гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботиро Латифзода Фирдавс - муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» ифтитоҳ намуда, рўзномаи онро баррасӣ намуд.

Аз рўйи масъалаи якум Латифзода Фирдавс - муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» гузориш доданд.

Зимни ироаи ҳисобот Латифзода Ф.  қайд намуд, ки дар доираи шарҳу эзоҳи Паëми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиëсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 миёни аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» омўзиши идоравӣ ташкил гардида, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ҳадафманд амалӣ мегарданд. Тамоми ҷашну санаҳо дар сатҳи баланди ташкиливу оммавӣ таҷлил гардиданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис Накшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» -и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва Накшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» барои нимсолаи дуюми соли 2024 баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Дар идомаи ҷаласа Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, оид ба баланд бардоштани донишҳои сиёсии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ тавсияҳои судманд дода, изҳор доштанд, ки таквияти фарҳанги сиёсии мардум аз вазифаи ҷонии ҳар як оъзои он ба ҳисоб меравад. Миёни аъзоён ва ҷавонон пайваста соатҳои сиёсӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон қайд шуд, ки дар вазъияти мураккаби сиёсӣ ҳар як аъзои ҳизбро лозим аст, ки аҳолӣ, бахусус ҷавононро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ сафарбар намоянд.

Дар ин замина Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ тавсияҳо дода, қайд намуд, ки асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Ҳадафҳо ва барномаи ҳизбӣ барои таъмини зиндагии арзандаи ҳар як сокини кишвар равона шудаанд. Аз ин рӯ, корҳои сиёсӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ бояд дар ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҲХДТ ба роҳ монда шавад. Хатарҳои имрўзаи ҷаҳонӣ моро ҳушдор мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба мукобили таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз кабили экстремизм ва терроризм мубориза барем.

Дар фарҷом як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» барои гузоштани саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуда, ба нафарони нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Қурбонзода Ҳилолбӣ - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри таъмини иҷрои накшаҳои қабулгардида, ҳамзамон  иҷрои ҳадафҳои Барномаву оинномаи ҳизб, пиёдасозии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ пеш аз пеш сайъ менамоянд.

 

                                                        

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон