User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002  санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.

Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд, хизматчиёни давлатии муваффақ қадрдонӣ карда мешаванд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбати қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми муҳим ва арзишманд буда, барои  баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, қонуният, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ асоси воқеӣ мегузорад.

Хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардидааст.

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ пайвандии ногусастанӣ дорад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 сарчашмаи ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.

Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад.

Меъёри мазкур ба талаботи моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он муқаррароти «Ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок дар хизмати давлатӣ дода шавад» пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон принсипҳои асосии хизмати давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба аз 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси онҳо зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, оид ба танзими мансабҳои давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ, дастурамалҳои мансабӣ, одоби хизматчии давлатӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо қабул гардида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва дар маҷмӯъ идоракунии захираҳои инсонӣ пурра муқаррар гардиданд.

Марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамуд, ки хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар байни давлат ва ҷомеа бояд аз ин бештар нақши васлкунанда дошта, барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ, баромадан аз ҳолатҳои бўҳронӣ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   25 январи соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, минбаъд бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши он  дар идоракунии хизмати давлатӣ 13 ноябри соли 2013 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар амалигардонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713 Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №289, Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №448, Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 ва Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 тасдиқ карда шудаанд, такони нав бахшиданд.

Бо мақсади ташаккули низоми хизмати давлатӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири сеюм), аз 10 марти соли 2016, №647 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (таҳрири чорум),  аз 19 июли соли 2019, №1287 Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири дуюм), аз 22 июли соли 2019, №1328 Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири дуюм) қабул карда шуданд.

Ба ғайр аз ин ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи роҳу усулҳои муосири интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба роҳандозии василаҳои кадрӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда шуданд.

Барои амалисозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизмати давлатии кишвари мо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкории судманд роҳандозӣ карда шуд. Тўли солҳои 2007-2016 ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ амалӣ гардид. Дар баробари мусоидат дар ташкили хизмати давлатии касбии Тоҷикистон ва расонидани кумакҳои техникӣ, омўзиш ва табодули таҷрибаи давлатҳои дар самти хизмати давлатӣ пешрафта, аз ҷумла, бо ташкили сафарҳои хизматии мутахассисони соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон таҷриба гардид.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо сохторҳои соҳаи хизмати давлатии кишварҳои хориҷӣ дар солҳои 2009-2024 дар самти таҳсил ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла аз соли 2009 инҷониб дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола ва дусола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, то соли 2023 1078 (зан-294) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 581 (зан-148) нафар ва аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 497 (зан-146) нафар, аз он 64 (зан-20) нафар кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот магистратураи мазкурро хатм намудаанд.

Ҳамзамон таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар зинаи магистратураи яксола ва дусола низ ба роҳ монда шуда, 13 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2011-2023 таҳсилро дар Академияи мазкур хатм намудаанд.

Дар баробари ин дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ солҳои 2009-2023 121 (зан-23) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, аз онҳо 90 (зан-15) нафар таҳсилро хатм намуда, таҳсили 31 нафар идома дорад.

Имрўз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Самтҳои асосии фаъолияти хизмати давлатии Тоҷикистон ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.

Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар мақомоти давлатӣ 18260 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11913 нафар (занон 2899 нафар ё 24,3 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3478 нафар (занон 1081 нафар ё 31,0 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2869 нафар (занон 586 нафар ё 20,4 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4566 нафар ё 25,0 фоизро ташкил дода, аз 5915 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1147 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8765 нафар (48,0 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда  1594 нафар (26,9 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ пояҳои мустаҳками хизмати давлатии касбии Тоҷикистон бунёд гардиданд. Хулоса кардан мумкин аст, ки ниҳоди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлоли ташаккул ёфта, ҳоло ҳам дар марҳилаи пешрафт қарор дорад. Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони  муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштааст, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум вобаста аст.

Дар яке аз ҳидоятҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад».

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро дарк намуда, таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамсафони худро бо Рўзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид табрику таҳният гуфта, дар амалисозии ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бурдбориҳо ва дар иҷрои кори масъулиятнок ва ифтихорманд-хизмат ба Ватан пирўзиҳоро  орзу менамоям.

 

 

 

Директори Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М.