ҲАМАИ ХАБАРҲО
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Имрӯз, 11 ноябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Роҳҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ” ифтитоҳ гардид.
6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ ислоҳот гузаронида шудааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ имкон дод, ки роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ маҳз бо таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ гардид.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 30-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.
Зимни мулоқот мубодилаи судманди афкор дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари дӯст барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат, дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари «гурӯҳҳои дӯстӣ», ҳамкориҳои фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.
Дар доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷонибҳо оид ба афзоиш додани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин самт ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ мувофиқи мақсад шумурда шуд.
Пешниҳод гардид, ки барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ аз баргузории намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода карда шавад. Роҳандозии ҳамкориҳои густурда байни шаҳракҳои саноатии ду кишвар низ барои ҳарду ҷониб муфид номида шуд.
Бо дарназардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, амри зарурӣ маънидод гардид.
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.
Бунёди нақби «Истиқлол» ва Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкориҳои созандаи ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва вилоятҳо, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ, соҳаи сайёҳӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар табодули андеша карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи амнияту суботи минтақа ва вазъи имрӯзаи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.
Масоили марбут ба амнияти минтақа, таҳаввулоти байналмилалӣ, мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созанда ва мавқеи ҳамдигар дар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо арзёбӣ карда шуд.
Дар охири мулоқоту музокирот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх