User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Имрӯз, 11 ноябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Роҳҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур Карамалишо Карамалишоев - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Тоҷиддин Файзиддин, сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидов Шоҳрух Бозорович – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва ҳамчунин шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

Курсро муовини Ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишо Карамалишоев ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки курсҳои мазкур бо мақсади сайқал додани малака ва таҷрибаи кории хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон устодону омӯзгорон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва унвондор дарс мегӯянд. Муовини Ректор бо боварии комил изҳор намуд, ки донишу таҷрибае, ки шунавандагон дар идомаи курс аз худ менамоянд, минбаъд дар фаъолияти меҳнатиашон васеъ истифода хоҳанд бурд.

Боиси таъкид аст, ки курси мазкури такмили ихтисос аз санаи 11 то 16 ноябри соли равон идома меёбад.

 

    Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон