ҲАМАИ ХАБАРҲО
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Имрӯз, 11 ноябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Роҳҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ” ифтитоҳ гардид.
6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ ислоҳот гузаронида шудааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ имкон дод, ки роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ маҳз бо таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ гардид.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 30-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 30 июли соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ Комилбеков А.Ё, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, саҳми занон дар хизмати давлатӣ, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, инчунин талаботи бозорӣ меҳнат ба хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатӣ, фаъолияти сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Хусусан ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки масъалаи тақвият додани иштироки занон дар хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади тарбия ва дастгирии занони болаёқат, инчунин ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо идома дошта, саҳми занон дар хизмати давлатӣ мунтазам афзоиш дода мешавад.
Аз ҷумла қайд гардид, ки занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.
Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх