ҲАМАИ ХАБАРҲО
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Имрӯз, 11 ноябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Роҳҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ” ифтитоҳ гардид.
6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ ислоҳот гузаронида шудааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ имкон дод, ки роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ маҳз бо таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ гардид.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 30-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дастгоҳи раиси ноҳия:
1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой,
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. (равоншиносӣ, омўзгорӣ ё ҳуқуқшиносӣ);
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд;
- малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ 1440 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 883,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой,
Маоши мансабӣ 724,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Темурмалик
4.Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бартарӣ дода мешавад);
5.Сармутахассис (сарзоотехник)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои (чорводор, зоотехник, зооинженер бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
Маоши мансабӣ 1076,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
6.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои (иқтисодӣ ва муҳосибӣ бартарӣ дода мешавад);
Воҳидҳои сохтории мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
7.Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Кўшктеппа - 1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ бартарӣ дода мешавад);
9.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод - 1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ (арабӣ, форсӣ, урду, пашту), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омўзгори фанҳои таърих, таърих ва ҷамъиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, забон ва адабиёти қирғиз бартарӣ дода мешавад);
11.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад (муҳосибӣ, иқтисодчӣ);
13.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод - 1 ҷой,
14.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой.
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандиси мелориатор, мелиоратсия, агроном, агрокимиё, ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, харитасоз, ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз, бартарӣ дода мешавад);
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи махсус, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорат ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ (ба таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);
Маоши мансабӣ 724,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвонии роҳбари мақомот;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 38);
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.
- маълумотномаи доғи судӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21-рўз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣдар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, ошёнаи 1 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик, индекс: 735340 ноҳияи Темурмалик, шаҳраки Совет, кўчаи ба номи И. Сомонӣ – 40 қабул карда мешавад.
Телефон барои тамос: 21-2-33, 21-5-80 Сомонаи мақомот www temurmalik.tj Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх