Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 санаи 28 январи соли 2025 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар робита ба ин қаблан дар дар сомонаи Агентӣ бо суроғаи www.ahd.tj аз 20 январи соли 2025 дар хусуси баргузории нишасти матбуотӣ эълон ва маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ҷой дода шуда, нақшаи чорабиниҳои Агентӣ вобаста ба ташкил ва баргузории нишасти матбуотӣ тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ ба идораҳои воситаҳои ахбори омма мактуби расмӣ ирсол ва тибқи дархост шакли электронии гузориш оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 қаблан ба онҳо дастрас карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, директор, муовини директор, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ ва 24 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии «Ховар», «Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон», «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Мир», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Радиои Озодӣ», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт» ва дигарон иштирок намуданд.
Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд. Дар оғози нишаст директори Агентӣ оид ба фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 ба иштирокдорон гузориши фишурда манзур намуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотии мазкур аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои нашри эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма, татбиқи технологияҳои кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, меъёрҳо оид ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ, сабабҳои зиёд будани ҷойҳои холӣ дар хизмати давлатӣ, ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон