Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
Саннаи 14-уми октябри соли равон дар доираи иштироки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе – 2025, мулоқоти дуҷонибаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазир оид ба умури Девони вазирон, мудири кулли мақомоти федералӣ оид ба рақобатпазирӣ ва омори Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Абдулло Носир Лутоҳ баргузор гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
Саннаи 9-уми октябри соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
Имрӯз, 15 сентябри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Рушди хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” курси такмили ихтисос оғоз ёфт.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

 Санаи 4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин семинари омӯзишӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ сардори шуъбаи Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нодиршоев Салим ва сармутахассиси шуъбаи Агентӣ дар вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшонахон иштирок намуданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011,  №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №26/10-315 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 санаи 21 июли соли 2025, соати 0900  дар бинои Агентии хизмати давлатӣ  бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
Санаи 3 октябри соли равон дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон – пояи фарҳанги миллӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Рейтинг:  3 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

     Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябри соли равон чорабинии бошукўҳи тантанавӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.     

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
    Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо бартарӣ дорад.

Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна

Санаи 10 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар кори он раис ва аъзои ҳайати мушовара, Идрисзода Илёс Мумин директори Агентӣ,Қувватзода Сайдулло Зувайд - мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентӣ, Одиназода Фирдавс Ҷалил - ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳаллӣ, дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.