Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар дасгоҳи давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.

Мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ савганд ёд менамояд.

Дар робита ба талаботи қонунгузорӣ, имрӯз, зимни баргузории конференсияи Ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори хизмати давлатии муосири ТоҶикистон», ки ба ифтихори Рўзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид ва «Соли маърифти ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 баргузор гардид, маросими тантанавии савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.

Хизматчиёни давлатии навтаъин ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ РаҶабалиева Фарангис Нуралиевна - мутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ ва Усмонов Қурбон ТолибҶонович - мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд карда, бо имзо гузоштан ба манти савганди қироатнамуда, санадҳои мазкурро ба директори Агентии хизмати давлатӣ супориданд.

Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмуъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.

Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои ҷуяндаю навовар ва содиқу бунёдгар зарур мебошад.

 

 

Агентии хизматии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон