User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули  заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

        Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст. Ҳамзамон соли 2024 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. 

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

 Бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтибос аз Конститутсия

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар охири садаи гузашта ба дастоварди бузурги таърихию сарнавиштсоз Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардида, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ фарзанди накӯному хирадманди худро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз тавассути ҳамин воқеаи муҳимми таърихӣ ба қабули Конститутсия, оғози раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат дар саросари мамлакат расидем.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо аз ҷониби Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳои Япония (аз соли 2009-5, аз соли 2017-8, аз соли 2019-13, аз соли 2020-16) нафар тариқи озмун интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 22 октябри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония чорабинии таблиғотӣ бо иштироки васеи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар доираи барномаҳои таълимӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сармутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ихтисос оғоз гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз 15 октябр то 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки хизматчиёни давлатии кишварҳои аъзои созмони СҲШ семинари омўзишӣ дар самти идоракунии маъмурӣ барои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай идома дорад.