Хабарҳои агентӣ
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 1601
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
Read more: ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 2234
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъйин карда шудааст, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст, идома доранд.Тартиби иштироки шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна аст? Шарҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ манзур мегардад.
Read more: ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 1268
Санаи 2 январи соли равон омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 28 декабри соли 2024» баргузор гардид.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 1005
Санаи 29 декабри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония даври якуми озмун (TOEFL) бо иштироки 43 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Read more: Даври якуми озмун барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония баргузор гардид
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 861
Санаи 28 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 715
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 512
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави мелодӣ санаи 27 декабр дар саҳни бинои Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шуд.
Read more: ЯРМАРКАИ ФУРУШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 767
Санаи 17 декабри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси чорабинии ҳисоботи ҷамъбастии хатмкардагони гуруҳи 14-уми магистратураи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳои Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.