АЗ ТАЪРИХИ
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
Хизмати давлатӣ қисми ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ буда, дорои меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки онҳо муносибатҳои давлатӣ - хизматиро танзим менамоянд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст, ки ин яке аз арзишҳои умумипазируфтаи ҷаҳони мутамаддин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи ҳуқуқҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 27) муқаррар шудааст, иштироки бевоситаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи баробар доштани онҳо ба хизмати давлатӣ мебошад. Ҳуқуқи мазкур ҳудуди доирае мебошад, ки муносибатҳои шаҳрвандро ба давлат муайян сохта, ҳамзамон моҳияти хизмати давлатиро ҳамчун касб муаррифӣ менамояд.
Мутобики Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки соли 1966 қабул шудааст, ҳуқуқи баробар доштани шаҳрвандон барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ дар бисёр мамлакатҳо қисми таркибии ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон низ ин меъёри ҷаҳонии эътирофшударо ба хотири ташкили идоракунии самарабахши давлатӣ ва татбики принсипҳои шаффофият, демократизм ва дастрас будани ҳокимияти давлатӣ ба халқ пазируфтааст.Ташкили идоракунии давлатии самарабахш ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва яке аз мақсадҳои асосии рушди миллии Тоҷикистон мебошад.
Таҷрибаи муосири давлатдории кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбики сиёсати давлатӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ аз салоҳиятнокӣ, донишу малака ва сатҳи баланди касбии хизматчиёни давлатӣ вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки хизматчиёни давлатӣ дорои донишу малака ва маҳорати идоракунӣ бошанд, ҳамон қадар фаъолияти касбии ондо самарабахш гардида, рушди ҳамаҷонибаи рукнҳои давлат таъмин мегардад.
Ташкили фаъолияти самаранок рисолати идоракунии давлатӣ буда, зарур аст, ки ба хизмати давлатӣ шахсони поквиҷдону мутахассисони салоҳиятноки дорои донишҳои муосир, маънавиёти амиқ ва сатҳи баланди касбӣ ҷалб карда шаванд, то ин, ки онҳо ба манфиати халқу ватан хизмат карда тавонанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №677 «Дар бораи хизмати давлатӣ» таъсиси мақоми ваколатдор бо доштани ваколатҳои махсус пешбинӣ мекард, ки дар робита ба ин бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январи соли 2001, №475 дар низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон мақоми нав мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ - Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати хизмати давлатӣ аз роҳбарият, шӯъбаҳои таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ, таъминоти кадрии хизмати давлатӣ, таҳияи талаботи квалификатсионӣ ва системаи музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, таҳлил ва иттилоот, маъмурию хоҷагӣ иборат буд.
Таъсисёбии ин ниҳод яке аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ташаккули низоми нави давлатдорӣ, такмили марҳила ба марҳилаи хизмати давлатӣ ва ислоҳоти он заминаи мусоид фароҳам овард.
Фаъолияти марҳилавии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз интихоби кормандон ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо бо роҳи ташкили машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, таҳлил ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи хизмати давлатии кишварҳои пешрафта ва таҳияи санадҳои идоравӣ ҷиҳати татбиқи фаъолияти Раёсат ва воҳидҳои сохтории он равона карда шуд.
Ҳамчунин дар як муддати кӯтоҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлатӣ» пешбинӣ гардидаанд, таҳия гардида, ба тасвиб расиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2002 таъкид намуданд, ки: «Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдоду ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда машғул шуда, тартибу низомро дар ин самт таъмин намояд».
Бо мақсади роҳандозии азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани саҳми онҳо дар самаранокии идоракунии давлатӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва то соли 2013 муваффақона фаъолият намуд.
Дар ин давр Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713, Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №289 ва Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №448 қабул гардиданд.
Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки таҳким бахшидани вазифа ва ваколатҳои Раёсатро пешбинӣ намуд.
Тибқи санадҳои мазкур масъалаи пурқувват намудани иқтидори Раёсати хизмати давлатӣ, сохторҳои маҳаллии он ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда мешуд.
Бо ин мақсад бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2007, №264 Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ гардида, сохторҳои маҳаллии он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо бастҳои иловагӣ ва кафедраи Идоракунии давлатии Донишкадаи такмили ихтисос таъсис дода шуданд. Теъдоди умумии хизматчиёни давлатии Раёсат ба 48 расонида шуда, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Раёсат 28 воҳиди корӣ муқаррар карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 иброз намуданд:
«Бо мақсади ташаккул ва такомули низоми хизмати давлатии касбӣ соли гузашта Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардид.
Ба хотири татбиқи пурраи қонуни мазкур ва пешбурди дурусти сиёсати давлат доир ба кадрҳо, пеш аз ҳама, ба Раёсати хизмати давлатӣ зарур аст, ки низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро оид ба ин масъала таҳия ва ҳамоҳанг сохта, барои таҳкими низоми хизмати ягонаи давлатӣ тадбирҳои муассир андешад.
Вобаста ба ин роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ бояд риоя гардидани муқаррароти Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро дар бобати аз тариқи озмун ба кор қабул кардан, гузаронидани аттестатсия, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таъмин намоянд. Роҳбарону кормандони масъули ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ва умуман тамоми хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.»
Аз натиҷаи дастурҳои зикргардида Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 ва Барномаи татбиқи он барои солҳои 2009-2016 аз 29 апрели соли 2009, №252 таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки дар амалигардонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мавқеи муҳим доранд.
Марҳилаи навбатии рушди хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамуд, ки барои тайёр намудани теъдоди бештари кадрҳои баландихтисос ва дорои донишу малакаи касбӣ шароит фароҳам оварда шавад.
Бо ин мақсад Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, №1502 ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, соли 2020 дар заминаи ин Донишкада Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳар сол дар асоси фармоиши давлатӣ ва Нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ бо ҷалби хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаливу ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва мусоидати Агентии хизмати давлатӣ курсҳои азнавтайёркунӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ доир карда мешаванд.
Бо гузашти солҳо масъалаи боз ҳам ташаккул додан ва такмили вазифаҳои Раёсатии хизмати давлатӣ, баланд бардоштани мақому мавқеи он дар низоми идоракунии давлатӣ ба миён омад.
Марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамуд, ки хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар байни давлат ва ҷомеа бояд аз ин бештар нақши васлкунанда бозида, барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
Бо шарофати сиёсати навоваронаи Пешвои миллат заминаи ҳуқуқии фаъолияти ҳукумати электронӣ фароҳам гардида, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 ва Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №550 ва ғ. тасдиқ шуда, мавриди иҷро қарор гирифтанд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шумораи ниҳоии кормандони Агентӣ 44 воҳид, аз ҷумла дар дастгоҳи марказии Агентӣ 25 воҳидро ташкил дода, сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ аз роҳбарият, шӯъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат, идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот, бахшҳои кадрҳо ва коргузорӣ, махзани маълумот ва тестӣ, молия ва муҳосибӣ таркиб ёфт.
Тибқи ин Низомнома ваколатҳо, вазифа ва функсияҳои асосии Агентӣ ва директори Агентии хизмати давлатӣ такмил ёфта, самтҳои ҳисоботдиҳии Агентӣ дақиқ муайян шуданд.
Агентии хизмати давлатӣ ду муовини директор, аз ҷумла як муовини якум дошта, барои муҳокимаи ташкили иҷрои ин вазифаҳои муҳими Агентӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.
Дар сохтори Агентӣ шуъбаҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳои Суғд, вилояти Хатлон, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ гардиданд.
Дар алоқамандӣ ба ин бо мақсади такмилу таҳким бахшидан мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2022, №384 Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хизмати давлатӣ ба теъдоди 52 воҳид, аз ҷумла шумораи дастгоҳи марказии Агентӣ ба миқдори 33 воҳид муқаррар карда шуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ вобаста ба вазифа ва функсияҳои Агентӣ роҳбарият, шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, ташкилию иттилоотӣ, кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ ва молия ва муҳосиботро дар бар мегирад.
Тибқи Низомнома самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст.
Таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ, ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идоракунии ҳайати кормандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои асосии Агентӣ дониста шуданд.
Дар солҳои 2001-2023 дар маҷмӯъ беш аз 246 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир карда шудаанд.
Шурӯъ аз роҳбари нахустини мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ-Зариф Ализода солҳои 2001-2003 дар мансаби сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Абдулҳай Саидов- сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз майи соли 2004 то марти соли 2005), Асрор Латипов - муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз майи соли 2005 то майи соли 2008), Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич-сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз феврали соли 2008 то марти соли 2010) ва ба ҳайси директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 июни соли 2015 то ҳол), Қосимзода Гурез Ҷӯрахон- муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2010-2013), муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2013-2014) ва муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз феврали соли 2014 то ҳол), фаъолияти хешро ба ҳайси роҳбарони навовар, яъне шахсоне, ки ҳамеша омодаанд, ки барои пешрафти соҳа ва барои расидан ба ҳадафҳо кормандони ҳамаи зинаҳоро ҷалб намоянд ва аз он натиҷа ба даст оранд.
Ҳамчунин дар ташаккул ва татбиқи низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ саҳми аввалин роҳбарони воҳидҳои сохтории Раёсати хизмати давлатӣ, аз ҷумла, Ватаншоев Ҳабиб- сардори шуъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ (солҳои 2007- 2011), Мансуров Абдулло Манонович - сардори шуъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (солҳои 2007-2016), Муродова Майрам Бузбаловна- сардори шуъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (солҳои 2007-2023), Фақеров Файзулло Насруллоевич- мудири бахши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (солҳои 2007-2013) ва Саидмуродов Аҳад Абдуваҳобович- сардори шуъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (солҳои 2007-2017) низ назаррас мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ин услубро шахсони дорои тафаккури афзоишёбанда истифода мебаранд ва барои ҳавасманд кардани кормандон барои расидан ба тавоноии худ, тадбирҳо меандешанд, ки ин ҳама воқеист. Ва ҳар яке аз ин роҳбарон дар таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ саҳми худро гузоштаанд.