Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави мелодӣ санаи 27 декабр дар саҳни бинои Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти кишоварзӣ иборат аз анвои фаровони рӯзгор аз ҷумла гушт, мурғ, картошка, пиёз, сабзӣ, тухми мурғ, помидор ва ғайраҳо бо нархҳои дастрас пешниҳод карда шуданд.
Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар арафаи соли нав ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ маҳсулоти кишоварзии ниёзи ҳаррўза пиёзро дастрас намуд.
Агентии хизмати давлатӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рўдакӣ Ҷиҳати дастгирии доимии хизматчиёни давлатӣ ва ташкили ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзӣ изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон