User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 бо мақсади татбиқи талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 24 майи соли равон курси такмили ихтисос барои мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и муҳосибот ва хоҷагидорӣ (молия ва хоҷагӣ)-и дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Истифодаи буҷети давлатӣ дар маҳал» оғоз гардид.

Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ба курси мазкур, ки то 29 майи соли равон идома меёбад, 75 нафар хизматчиёни давлатиро ҷалб намуд. Дар ифтитоҳи курс муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор–Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ суханронӣ намуданд.

Барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба мавзӯъҳои мубрам, аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, таъмини шаффофият дар хизмати давлатӣ ва муқовимат ба коррупсия, татбиқи стратегияю барномаҳои давлатии дахлдор ва ғайраҳо машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Мувофиқи барномаи таълимӣ дар анҷоми курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Истифодаи буҷети давлатӣ дар маҳал: ҳолат ва дурнамо» баргузор гардида, пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш ба шунавандагони курс гувоҳнома дода мешавад.

 

                      Агентии хизмати давлатии назди

                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон