ҲАМАИ ХАБАРҲО
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Имрӯз, 28 октябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки бе қонунгузории мукаммал таъмини раванди пойдории давлат ғайриимкон аст. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол қабл ин санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияро қабул намуд, ки он ҳуқуқу озодиҳои ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи мамлакатро фаро гирифта, аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии «Субҳия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Примқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.
Коргоҳи қолинбофии «Субҳия» дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ карда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳ 11 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб карда шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидааст.
Дар ин дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ тавлид карда мешаванд. Ин тарзи қолинбофӣ дар байни ҳунармандони ҳалқӣ маъмул буда, он маҳз бо таваҷҷуҳи давлатӣ эҳё гардида, рушд меёбад.
Яке аз самтҳои фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳаҳои Ҳазорчашма, Панҷбоғ, Муҷун ва Истиқлол мебошад. Дар ин деҳаҳо шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофон аз байни занону духтарон зиёд буда, таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои кори таъмин намудани занону духтарони деҳа ва даромаднокӣ мусоидат менамояд. Таъсиси коргоҳ самараи судманди ҳамкориҳои соҳибкорону ҳунармандони тоҷику узбек мебошад. Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон тавсеа ёфта, он имконияти васеъ ва баҳри таъсиси чунин корхонаҳо, рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ мегардад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ сифати қолини дастибоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори берунӣ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди ҳунари дастӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ин маркази ҳунармандиро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх