ҲАМАИ ХАБАРҲО
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон - сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» ҷамъбаст гардид.
Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар дасгоҳи давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 21 июни соли равон ба муносибати Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» барои саҳми арзанда дар татбиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа як қатор хизматчиёни давлатии фаъол-кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез, Насуллозода Файзулло, Садриддинов Аврангзеб, Саидзода Шаҳбоз, Амиршоева Сурайё ва Шокирова Ойшабону-ро бо Сипоснома сарфароз гардонид.
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Қосимзода Гурез - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Барномаи мазкур фарогири маҷмуи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар замина мегузорад.
Иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барнома барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин карда шудааст.
Давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид. Ба 32 ҳазору 358 шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шуд.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳанда ва чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022-ро таъмин намоянд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ», муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳо Дар хусуси Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ, Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 ва Дар бораи минтақаи сайёҳии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх