ҲАМАИ ХАБАРҲО
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон - сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» ҷамъбаст гардид.
Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар дасгоҳи давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 21 июни соли равон ба муносибати Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» барои саҳми арзанда дар татбиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа як қатор хизматчиёни давлатии фаъол-кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез, Насуллозода Файзулло, Садриддинов Аврангзеб, Саидзода Шаҳбоз, Амиршоева Сурайё ва Шокирова Ойшабону-ро бо Сипоснома сарфароз гардонид.
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Қосимзода Гурез - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 10 декабри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он рафти иҷрои њисоботи гурӯҳ оид ба бартараф намудани хавфҳои коррупсия дар Агентии хизмати давлатӣ ва лоиҳаи Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Сайфуддинова Р.Р. ва муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.
Қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабули 29 санади зерқонунӣ, аз ҷумла 16 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон, 1 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Агентии хизмати давлатиро муқаррар намудааст.
То имрӯз ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои зерқонунӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
Зимни гузориш вобаста ба лоиҳаҳои санадњои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ таҳия гардида, дар баррасии мақомоти давлатӣ қарор доранд, маълумот дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 ва Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум, солҳои 2021-2025 барои соли 2021, ки аз 2 сентябри соли 2021 тасдиқ карда шудаанд, лоиҳаи Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод гардид.
Барномаи мазкур аз 6 боб ва 19 банд иборат буда, барои татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мусоидат намуда, ба пешгирӣ ва муқовимат ба омилњои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ равона карда шудааст.
Мақсади асосии Барномаи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, фароҳам овардани шароити пешгирии коррупсия, такмил додани санадњои меъёрии њуќуќии соњаи хизмати давлатї, таъмини иљрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия, ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, инчунин таъмини шаффофият дар фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ мебошад.
Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини иҷрои Нақшаи амал аз 18 майи соли 2020, риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, самаранок гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба роҳбарону воҳидҳои сохторӣ ва масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро супорида шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх