User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2020, №26/10-6 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2019 санаи 12 феврали соли 2020, соати 13:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 12 феврали соли равон аз соати 12:30 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224-40-67,       224-53-22 ё почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки ҷиҳати дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро тавассути ҳамин нишониҳо ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод намоянд.

 

 

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон