ҲАМАИ ХАБАРҲО
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон - сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» ҷамъбаст гардид.
Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар дасгоҳи давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 21 июни соли равон ба муносибати Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» барои саҳми арзанда дар татбиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа як қатор хизматчиёни давлатии фаъол-кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез, Насуллозода Файзулло, Садриддинов Аврангзеб, Саидзода Шаҳбоз, Амиршоева Сурайё ва Шокирова Ойшабону-ро бо Сипоснома сарфароз гардонид.
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Қосимзода Гурез - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ -1 ҷой,
барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.
Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассиси бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣ - 1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё молиявӣ;
-кор бо барномаҳои 1С (ҳисоботи молиявӣ), TFMS SGBnet (барномаи молиявӣ), Mozilla Firefox (барномаи андоз), Office.stat (барномаи омор) ва барномаи Microsoft Excel.
3.Сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд - 1 ҷой,
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва/ё иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);
Маоши мансабӣ 1186, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот оид ба эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс:(992 37)224-02-74, почтаи электронӣ:info07-@ahd.tj, Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх