User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 2320,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 2320,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 1686,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003,

Телефон барои тамос:(37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

НОМГЎИ

саволҳо ҷиҳати истифода ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон

 

1. Саволҳо оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1

Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани тағийру иловаҳо, таркиби Конститутсия).

2

Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия).

3

Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

4

Дар бораи Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

5

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311«Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

6

Дар бораи Рўзи Ваҳдати миллӣ маълумот пешниҳод карда шавад.

7

Мафҳуми «давлати дунявӣ» шарҳ дода шавад.

8

Мафҳуми «давлати ягона» шарҳ дода шавад.

9

Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд (моддаи 3 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумот дар бораи тасдиқи рамзҳои давлатӣ).

11

Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

12

Маълумоти умумӣ дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14

Маълумоти умумӣ дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15

Маълумоти умумӣ дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16

Кӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доро мебошад

17

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва онҳоро номбар кунед.

18

Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

19

Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

20

Дар бораи сохтори (воҳидҳои) маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

21

Дар бораи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

22

Низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи таҷзияи ҳокимият шарҳ диҳед.

23

Дар бораи асоси иқтисодиёти Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

24

Моликияти истисноии давлат тибқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

25

Маълумоти умумӣ дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

26

Таснифи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

27

Баробарҳуқуқии мардон ва занон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

28

Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

29

Ҳуқуқ ба муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

30

Ҳуқуқ ба меҳнат тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

31

Маълумоти умумӣ дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

32

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя шарҳ дода шаванд.

33

Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд (моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

34

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: тартиби баргузорӣ, салоҳият ва тартиби қабули қарорҳо.

35

Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод карда  шавад.

36

Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод карда  шавад.

37

Маълумоти умумӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

38

Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии пешниҳоди (ироаи) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

39

Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

40

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

41

Вазифаҳои (мансабҳои) давлатии (расмии) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

42

Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби таъин, тасдиқ ва савгандёдкунӣ.

43

Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

44

Ҳокимияти судӣ ва низоми судӣ шарҳ дода шавад.

45

Маълумоти умумӣ дар бораи мақомоти прокуратура.

46

Дар бораи тағйирнопазирии унсурҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

47

Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

48

Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

49

Идҳои расмии (ғайрикории) Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

50

Маълумоти умумӣ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

2. Саволҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ

1

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатии  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

2

Маълумоти умумӣ оид ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ».

3

Мафҳумҳои асосии Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233  «Дар бораи хизмати давлатӣ» номбар карда шаванд.

4

Мафҳуми «мақоми давлатӣ» шарҳ дода шавад.

5

Мафҳуми «мансаби давлатӣ» шарҳ дода шавад.

6

Мафҳуми «хизмати давлатӣ» шарҳ дода шавад.

7

Мафҳуми «хизматчии давлатӣ» шарҳ дода шавад.

8

Мафҳуми «хизматчии давлатии сиёсӣ» шарҳ дода шавад.

9

Мафҳуми «хизматчии давлатии маъмурӣ» шарҳ дода шавад.

10

Мафҳуми «Феҳристи мансабҳои давлатӣ» шарҳ дода шавад.

11

Мафҳуми «Феҳристи хизматчиёни давлатӣ» шарҳ дода шавад.

12

Мафҳуми «талаботи тахасусӣ» шарҳ дода шавад.

13

Мафҳуми «уҳдадориҳои мансабӣ» шарҳ дода шавад.

14

Мафҳуми «одоби хизматчии давлатӣ» шарҳ дода шавад.

15

Низоми хизмати давлатӣ шарҳ дода шавад (моддаи 5 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»).

16

 

Доираи амали Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233  «Дар бораи хизмати давлатӣ» номбар карда шавад (моддаи 6 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)

17

Амали Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

18

Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ номбар карда шаванд.

19

Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.

20

Принсипҳои одоби хизматчии давлатӣ тибқи Кодекси одоби касбии хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

21

Дар бораи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ маълумот дода шавад (номи мақомот, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ).

22

Дар бораи таъсиси мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва таҷдиди (такмили) он маълумот дода шавад.

23

Дар бораи вазифаҳои (функсияҳои) Агентии хизмати давлатӣ маълумот дода шавад (моддаи 8 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»).

24

Маълумоти умумӣ дар бораи Низомномаи Агентии хизмати давлатӣ.

25

Ваколатҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Низомномаи Агентии хизмати давлатӣ номбар кунед.

26

Маълумоти умумӣ дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737).

27

Категорияҳои мансабҳои хизмати давлатӣ  шарҳ  дода шаванд.

28

Дар бораи талаботҳои тахассуси нисбати довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ маълумот дода шавад (талаботҳои тахассусии умумӣ, сатҳи талаботҳои тахассусӣ, талаботҳои тахассусии мушаххас).

29

Дар бораи талаботҳои тахассусии умумӣ маълумот дода шавад.

30

Дар бораи сатҳи талаботи тахассусӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи он маълумот дода шавад.

31

Дар бораи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

32

Дар бораи талаботҳои тахассусии мансабҳои хизмати давлатии категорияи 5 маълумот дода шавад.

33

Тартиби қабул ба хизмати давлатии шаҳрвандӣ шарҳ дода шавад.

34

Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд, номбар карда шаванд (моддаи 16 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»).

35

Парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва сохтори онро шарҳ диҳед.

36

Дар хусуси Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647) маълумот диҳед.

37

Ҳолатҳои бе озмун ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъин намудани хизматчиёни давлатии маъмуриро номбар кунед (банди 4 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ).

38

Давраҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ номбар карда шаванд (банди 11 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ).

39

Шаклҳои таҳсили хизматчиёни давлатӣ шарҳ дода шаванд.

40

Дар бораи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷдиди (такмили) минбаъдаи он маълумот дода шавад.

41

Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ шарҳ дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468).

42

Баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ шарҳ дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №1287).

43

Марҳилаҳои баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ шарҳ дода шаванд.

44

Принсипҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатиро  номбар кунед.

45

Кор бо натиҷаҳои баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ

46

Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ шарҳ дода шаванд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2008, №443).

47

Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ номбар карда шаванд.

48

Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан шарҳ дода шавад.

49

Дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2010, №756).

50

Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ шарҳ дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019, №1328).

51

Дар бораи ҷойивазкунии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ маълумот дода шавад.

52

Вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шавад.

53

Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ шарҳ дода шаванд.

54

Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шаванд.

55

Тартиби таҳия, тасдиқ ва амалисозии дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти давлатӣ шарҳ дода шаванд.

56

Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ шарҳ дода шаванд (моддаи 30 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»).

57

Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шавад.

58

Намудҳои муҷозоти интизомӣ, ки нисбати хизматчии давлатӣ татбиқ карда мешаванд, номбар карда шаванд.

59

Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шавад.

60

Кафолатҳои давлатӣ барои  хизматчиёни давлатӣ (моддаҳои 34 ва 35 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»).

61

Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва тартиби ҳисобу пардохти он шарҳ дода шавад.

62

Рухсатии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шавад.

63

Дар бораи ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ ва ҳолатҳои ҳавасманд гардонидан маълумот пешниҳод карда шавад.

64

Собиқаи хизмати давлатӣ ва таносуби он бо собиқаи умумии меҳнатӣ шарҳ дода шавад.

65

Дар бораи таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ (моддаи 40 ЌҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ») маълумот дода шавад.

66

Дар бораи давраҳои ташаккули хизмати давлатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

  1. Саволҳо оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1

Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» шарҳ дода шавад.

2

Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

3

Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

4

Дар бораи санадҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоиҷикистон маълумот дода шавад.

5

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рўи соҳаҳо номбар карда шаванд.

6

Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004, №28 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шарҳ дода шавад.

7

Дар бораи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тартиби ташкил ва ваколатҳои он маълумот дода шавад.

8

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ номбар карда шаванд.

9

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2012, №828 «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

10

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

11

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳ дода шавад.

12

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

13

Дар бораи Тартиби коргузорӣ ва ҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 тасдиқ карда шудааст, маълумот диҳед.

14

Намудҳо ва шаклҳои муроҷиат тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339  «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ».

15

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» шарҳ дода шавад.

16

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шарҳ дода шавад.

17

Дар бораи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия аз 25 сентябри соли 2006 маълумот дода шавад.

18

Маълумоти умумӣ дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатӣ»

19

Маълумоти умумӣ оид ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №55 «Дар бораи иттилоот» (кадом муносибатҳои ҷамъиятӣ  танзим карда мешаванд).

20

Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд.

20

Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 28 июли соли 2017, №358 тасдиқ карда шудааст, маълумот дода шавад.

20

Оид ба пешбурди коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда шавад (шарҳи мухтасари санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа).

21

Шарҳи мухтасари Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №702  «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ».

22

Раванди таҳия, қабул ва амалисозии Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикисто «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли навбатии молиявӣ шарҳ дода шавал.

23

Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №549 «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шарҳ дода шавад.

24

Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

25

Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

26

Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

27

Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

28

Дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12).

29

Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5).

30

Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма  маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622).

31

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад.

4. Саволҳо оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон

1

Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

2

Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

3

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳ дода шавад.

4

Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тасниф карда шаванд.

5

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба ҳуқуқи инсон номбар карда шаванд.

6

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.

7

Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлатҳои баррасии муроҷиатҳо тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.

8

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №372 «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод карда шавад.

9

Дар бораи сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

10

Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон номбар карда шаванд.

11

Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ карда шудааст, маълумот пешниҳод карда шавад.

12

Дар бораи Эъломияи Куруши Кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихии миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод карда шавад.

13

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар ва шарҳ дода шаванд.

14

Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маълумот пешниҳод карда шавад.

 

5. Саволҳо оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм

1

Мафҳуми «давлати дунявӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

2

Мафҳуми «давлати ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

3

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шаванд.

4

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шаванд.

5

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1808 «Дар бораи муқовимат ба терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад.

6

Мафҳумҳои «терроризм» ва «амалӣ террористӣ» шарҳ дода шаванд.

7

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд.

8

Субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштирокунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд.

9

Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187).

10

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1655 «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот пешниҳод карда шавад.

11

Мафҳумҳои «экстремизм» ва «сепаратизм» шарҳ дода шаванд.

12

Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд.

13

Субъектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштироккунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шавад.

14

Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод карда шавад.

15

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.

16

Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот пешниҳод карда шавад.

17

Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018,  №1042).

6. Саволҳо оид ба консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1

 

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, №1894 «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» маълумот дода шавад.

2

Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии пешниҳоди (ироаи) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3

Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 шарҳ дода шаванд.

4

Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

5

Ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ шарҳ дода шавад.

6

Ҳадафи стратегии давлат-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ шарҳ дода шавад.

7

Ҳадафи стратегии давлат - ҳифзи амнияти озуқаворӣ шарҳ дода шавад.

8

Ҳадафи стратегии давлат -саноатикунонии босуръати кишвар шарҳ дода шавад.

9

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои охир кадом озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда мешаванд?

10

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад.

11

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад.

12

Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 маълумот диҳед (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222).

13

Дар бораи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва марҳилаҳои татбиқи он маълумот диҳед (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636).

14

Дар бораи Консепсияи ҳукумати электронӣ маълумот диҳед (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643).

15

Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565).

16

Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005).

17

Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599).

18

Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642).

19

Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад  (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647).

20

Дар бораи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332) маълумот дода шавад.

21

Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167).

22

Дар бораи  Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166).

23

Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 маълумот пешниҳод карда шавад  (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204).

24

Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» марҳилаи аввал (солҳои 2023-2025) маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482).

25

Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 июни соли 2021, №187).

26

Дар бораи «Солҳои рушди саноат» маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309).

7. Саволҳо оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

2

Дар бораи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332) маълумот дода шавад.

3

Принсипҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.

4

Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

5

Дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №1173 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» маълумот дода шавад.

6

Дар бораи мақоми  ваколатдори давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ, сохтори он ва  муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

7

Дар бораи Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ (аз 18 апрели соли 1961) маълумот дода шавад.

8

Дар бораи Конвенсияи Вена дар бораи  ҳуқуқи шартномаҳои байналмиллалӣ (аз 23 майи соли 1969) маълумот дода шавад.

9

Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим номбар карда шаванд.

10

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро шарҳ диҳед.

 11

Дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумот пешниҳод карда шавад.

12

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ.

13

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ.

14

Шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

15

Дар бораи эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои дунё ва ташкил намудани  муносибати дипломати  бо дигар кишварҳо маълумот дода шавад.

16

Дар бораи намудҳои шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маълумот дода шавад.

17

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷиро номбар кунед.

18

Дар бораи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он маълумот пешниҳод карда шавад.

19

Дар бораи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Миллали Мутаҳид маълумот дода шавад.

20

Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом ҳолатҳо метавонанд берун аз ҳудуди кишвар истифода бурда шаванд.

21

Дар бораи Иттиҳоди Аврупо маълумот дода шавад.

22

Дар бораи минтақаи Шенген маълумот дода шавад.

23

Дар бораи ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маълумот пешниҳод карда шавад.

24

Сохтори созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ диҳед.

25

Асос ва заминаи таъсис ёфтани Созмони Ҳамкории Шанхай.

26

Ҳадаф ва вазифаҳои асосии СҲШ.

27

Дар бораи давлатҳои узв, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ маълумот дода шавад.

28

Мафҳуми «Ҷангҳои иттилоотӣ» шарҳ  дода шавад.

29

Дар бораи Эътимоднома маълумот дода шавад.

30

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд.

31

Сарҳади давлатӣ чист.

32

Делимитатсияи сарҳади давлатӣ чист.

33

Демаркатсияи сарҳади давлатӣ чист.

34

Редемаркатсияи сарҳади давлатӣ чист.

35

Аломатҳои сарҳадиро шарҳ диҳед.

36

Дар бораи Аҳднома оид ба сарҳади давлатӣ маълумот дода шавад.

37

Давлатҳои ҳудуди Осиёи Марказиро номбар кунед.

38

Давлатҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

39

Дар бораи Ҷашни байналмиллалии «Наврўз» маълумот дода шавад.

 

8. Саволҳо оид ба таърихи Тоҷикистон

1

Спитамен кӣ буд ва чаро ӯро қаҳрамони халқи тоҷик меноманд.

2

Деваштич кӣ буд ва корнамоии Деваштич аз чӣ иборат аст.

3

Дар бораи Исмоили Сомонӣ ва хизматҳои ў маълумот дода шавад.

4

Дар бораи давлати Сомониён маълумоти мухтасар пешниҳод карда шавад.

5

Темурмалик кӣ буд ва дар бораи муҳимтарин корнамоии ў маълумот дода шавад.

6

«Таърихи Бухоро» чӣ гуна асар аст ва аз ҷониби кӣ навишта шудааст.

7

Шўриши Восеъ кай ва дар куҷо сар зад.

8

Кадом нависандаи тоҷик доир ба Восеъ асари бадеӣ навиштааст.

9

Дар бораи сарчашмаи муҳими таърихӣ - китоби Авесто маълумот дода шавад.

10

Ќадимтарин ёдгории давраи асри санг дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон кадом аст.

11

То барқарор шудани сохти шуравӣ тоҷикон дар ҳайати кадом давлатҳо сукунат доштанд.

12

Ҳулбук ёдгории кадом давраи таърихӣ мебошад.

13

Дар бораи Саразми бостонӣ маълумот дода шавад.

14

Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15

Маълумоти умумӣ дар бораи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17

Дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шавад.

18

Дар бораи қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

19

Дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик маълумот дода шавад.

20

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.

21

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ѓафуров.

22

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода.

23

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

24

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Махсум.

25

Маълумоти мухтасар дар бораи Ќаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур.

26

Дар бораи китоби Бобоҷон Ѓафуров «Тоҷикон» маълумоти мухтасар пешниҳод карда шавад.

27

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кай ва дар маърўзаи худ доир ба нашри тўҳфавии «Тоҷикон» ва арҷгузорӣ ба асолати он пешниҳод манзур намуданд.

28

Аввалин роҳбарони Тоҷикистон киҳо буданд ва дар таъсиси Тоҷикистон чӣ гуна саҳм гирифтанд.

29

Дар бораи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маълумот дода шавад.

30

Дар бораи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» маълумот дода шавад.

 

9. Саволҳо оид  ба фарҳанги Тоҷикистон

1

Фарҳанг чист.

2

Дар бораи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» маълумот дода шавад.

4

Дар бораи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - хастии миллат»  маълумот дода шавад.

5

Дар бораи Ҷашни байналмиллалии «Наврўз» маълумот дода шавад.

6

Шоиру нависандагони машҳури классики тоҷик номбар карда шаванд.

7

Шоиру нависандагони намоёни муосири тоҷик номбар карда шаванд.

8

Дар бораи сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рўдакӣ маълумот дода шавад.

9

Дар бораи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ маълумот дода шавад.

10

Дар бораи Мирзо Турсунзода ва осори адабии ў маълумот дода шавад.

 

10. Саволҳо оид  ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1

Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2

Танзими ҳуқуқии забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2)

3

Маълумоти умумӣ дар бораи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатӣ».

4

Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад  (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647).

5

Ќоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268) кай тасдиқ карда шудааст.

6

Забон чист.

7

Дар бораи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» маълумот дода шавад.

 

11. Саволҳо вобаста ба технологияи иттилоотӣ

1

Иттилоот чист. Мафҳуми иттилоот, тасвири моддӣ, энергетикӣ ва иттилоотии олам.

2

Воситаҳои техникии нигаҳдории иттилоот.

3

Тарзи дурусти кор бо компютер чи тавр аст.

4

Компютерҳои фардӣ чи гуна компютер аст.

5

Маълумот дар бораи микропротсессори  компютер.

6

Маълумоти умумумӣ дар бораи хотираи   компютер.

7

Дастгоҳҳои сабти иттилоот кадомҳоянд.

8

Дастгоҳҳои хориҷкунии иттилоот  номбар карда шаванд.

9

Ќисмҳои иловагии компютерро номбар кунед.

10

Системаи амалиётии «microsoft windows» чи гуна система аст.

11

Дар бораи сохтори парванда (файл)-и маълумот дода шавад.

12

Дар бораи равзанаҳо: мизи корӣ, ҷузвдон маълумот дода шавад.

13

Барномаҳои вирусӣ чи гуна барнома мебошад.

14

Барномаҳои  зиддивирусӣ чи гуна барнома мебошад.

15

Бойгонисозии (архивкунонӣ) файлҳо чи тавр иҷро мешавад.

16

Дар бораи равзанаи «ms word»  маълумот диҳед.

17

Мафҳумҳои асосии «ms word» кадомҳоянд.

18

Ҷадвалсозӣ дар матни санади «ms word» чи тавр аст.

19

Интихоби ҳуруфҳои чопии «ms word».

20

Чопи санад дар «ms word» чи тавр иҷро мегардад.

21

Ҷадвали электронии «microsoft excel» чи тавр аст.

22

Тарзи иҷрои амалҳо бо ҷузъҳои «ms excel».

23

Сафҳаи интернетӣ - сомона чист.

24

Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ.

25

Технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ.

26

Интернет чист.

27

Почтаи электронӣ «E-MAIL» чист.

28

Танзими «powerpoint барои чист.

29

Рӯнамосозӣ дар «powerpoint» чи тавр иҷро мегардад.

30

Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 «Дар бораи Ќоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет» маълумот дода шавад.

 

12. Саволҳои дигари умумӣ

1

Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кадом мақсадҳо пешбинӣ шудааст.

2

Иҷрои ҳадафҳои ҳукумати электронӣ ба ҳалли кадом вазифаҳо кўмак менамояд.

3

Кадом омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳукумати электрониро медонед.

4

Дар бораи Неругоҳи барқии обии «Роғун» маълумот дода шавад.

5

Маълумоти умумӣ дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6

Мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд.

  Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ

  Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ

  Дастурамали мансабии сармутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

 Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон