Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Санаи 17 декабри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси чорабинии ҳисоботи ҷамъбастии хатмкардагони гуруҳи 14-уми магистратураи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳои Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

«Ба  ҳама   маълум аст, ки   сатҳу   сифати    идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама ба манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.»

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъбаҳо (бахшҳо) - и умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷамъбаст гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Таҳти чунин унвон имрӯз, 9 - уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъбаҳо (бахшҳо)-и умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Санаи 9 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатӣ дар асоси банди 8-и Нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 бо иштироки раис, аъзои комиссия ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

 

Санаи 6 декабри соли равон бо ташабуси Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

 

Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 (амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350) ба Агентии хизмати давлатӣ аз 4 апрели соли 2023, №7 ворид гардида, бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 1 майи соли 2023, №91 Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, иборат аз 6 банд тасдиқ ва иҷрои бандҳои он идома дорад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Дӯстон ва ҳамкасбони гиромиқадр!

Дар ин лаҳзаи хос, аз самими қалб, мехоҳем ба ҳамаи шумо муроҷиат кунем. Пас аз солҳои дароз, ки дар паҳлӯи ҳам кор ва фаъолият намудем, вақти тарк кардани мавқеъ расидааст. Тавре ки медонед, ман 31-уми декабр  ба нафақа мебароям. Ин лаҳзаи ниҳоӣ дар роҳи мо, замонест, ки моро водор мекунад, то ба гузашта назар афканем ва ҳамаи он лаҳзаҳои хотирмоне, ки бо ҳам таҷриба намудем, ба ёд оварем.