Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 17 декабри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси чорабинии ҳисоботи ҷамъбастии хатмкардагони гуруҳи 14-уми магистратураи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳои Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Олимшо Меҳрӣ - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сасаме Кеничиро - консули Сафорати Япония дар Тоҷикистон ва Кикучи Такеши - намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон (JICA) иштирок ва маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ масъулони Агентии хизмати давлатӣ, роҳбарони хадамотҳои кадрии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин хатмкардагони гуруҳи 14-уми Лоиҳаи JDS дар солҳои 2022 – 2024 иштирок намуданд.

Зимни маърузаҳо қайд гардид, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати ба курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳои Япония ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз соли 2009 инҷониб роҳандозӣ карда мешавад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009-5, аз соли 2017-8, аз соли 2019-13, аз соли 2020-16 нафаӣ тариқи озмун интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода шуданд.

Ҳамчунин дар давраи навбатӣ дар доираи татбиқи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Япония ва нақшаи татбиқи Лоиҳаи JDS барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таҳсили 2022-2024 дар зинаи магистратура 15 нафар донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Дар маҷмуъ дар давоми солҳои 2011-2024 136 (зан-25) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 105 (зан-20) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 41 (зан-2) нафар ё 39,0 фоиз аз мансаби то таҳсил ишѓолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.

Ҳамзамон маърўзакунандагон ба хатмкардагони гурӯҳи 14 - ум барору комёбӣ таманно карда, қайд намудан, ки рисолаҳои номзадии пешниҳодкардаи онҳо, ки масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, амалӣ карда шуда, дар рушди соҳаҳои дахлдор саҳм мегузоранд.

Дар як вақт хатмкардагони гурӯҳи 14 -уми Лоиҳаи  JDS  натиҷаҳои хатм, дастовардҳо ва нақшаи таҳқиқи худро муаррифӣ намуданд.

 

 

 Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон