Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро  ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.

Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг   изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.

Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва  истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.

Ҷониби мо ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

                                                                                                                                                                                                       Сарчашма: prezident.tj