Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.

“Ҳузури Шуморо дар кори Конфронси сеюми оби Душанбе боз як далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон арзёбӣ мекунем” - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар чун кишоварзӣ  ва саноат, ба хусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

Ба  роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти сайёҳӣ ва афзоиши тиҷорат арзёбӣ гардид.

Сарчашма:president.tj