Санаи 28 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вобаста ба нақшаву барномаҳо ҷиҳати таъмини рушди бомароми иқтисоди миллӣ, идома додани раванди созандагиву ободкорӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, қабули стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва паҳлӯҳои сиёсати хориҷии кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба масъулон барои иҷро дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар Фарҷоми суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона сипосу миннатдорӣ баён намуда, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Соли нави мелодии 2025-ум, ки ҳоло мо дар остонаи он қарор дорем, самимона табрик намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон