Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 20 ноябри соли равон бо ташабуси  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рузи Парчами давлатӣ омӯзиши идоравии кормандони  Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Дар омӯзиши идоравии мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ,  Абдуллоев Нуралӣ Содиқович - омӯзгори кафедраи cиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Қурбонзода Ҳ.Ҷ. иштирокдорони омузиши идоравиро бо 32-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зимни маърӯза таъкид доштанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз кардаанд.  Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар омӯзиши идоравӣ Абдулоев Н.С. қайд намуданд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, барои интихоби рамзҳои милли озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд. Нахустин амали сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ - ин бўсидани Парчами Тоҷикистон буд.

Дар робита ба ин  санаи 20 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин дар ҷамъбасти омузиш қайд гардид, ки дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон