Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

-Воқеан ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз давоми солҳои истиқлоли мамлакат тавонист давлати миллии моро бо пуштибонии қотеъона ва талошҳои хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми мамлакат таҳким ва азамат бахшад. Хотираи таърихии начандон дури мо нишон медиҳад, ки дар ибтидои истиқлоли мамлакат гурӯҳҳое буданд, ки бар зидди низоми конститутсионӣ мубориза бурданд.

Ба бахти миллати тоҷик бо талошҳо ва фидокориҳои Сарвари ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадхоҳон натавонистанд асосҳо ва меъёрҳои ҳуқуқҳои фитрию иҷтимоии инсонмеҳвари давлати миллии моро шикаст диҳанд. Маҳз пуштибонӣ аз қонунҳое, ки моро дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ менамоянд, дар замони истиқлол воқеияти амалӣ пайдо намуд.

Қонун дар мафҳуми умумӣ ба тамоми илмҳо хос буда, маҳсули дастоварди ақлонии инсонӣ мебошад. Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки илмҳоро дар ҷаҳони муосир аз ҳам ҷудо ё тасниф месозад ва ҳамчун илм омӯхта мешавад, ин кашфи қонун ҳам дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва ҳам дар илмҳои гуманитарӣ мебошад. Маҳз қонунҳо дар илмҳои гуманитарӣ меъёрҳое мебошанд, ки танзимгари тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошанд ва маҳсули ташаккули таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб гаштаанд. Конститутсия ҳамчун меъёр ё муқаррароти умумӣ маҷмуи ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон дар назди ҳамдигарӣ буда, худмуайянкунӣ ё ҳудуди худшиносии инсонро таъйин менамояд. Маҳз Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шинохти уҳдадориҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткориро дар ҳама сатҳҳо тақвият мебахшад.

Калимаи «конститутсия» (аз калимаи лотинӣ «constitutio» — муқаррарот, сохтор, барпо намудан) гирифта шуда, маънояш сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ мебошад. Конститутсия, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо дар шакли эъломия, матнҳои муқаддас ва амру фармонҳои шоҳон амал мекунад. Аввалин ибораи конститутсия ҳанӯз дар аҳди Руми қадим маълум буд. Он вақт баъзе санадҳои муҳимми шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, конститутсия ном доштанд. Бинобар ин, дар он замон метавонист якчанд конститутсия дар як вақт амал кунад.

Тавре ки дар сарчашмаҳои таърихи ташаккули назария ва амалияи ҳуқуқ маълум мебошад, конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум ва маъмул набуд. Вай дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ дар натиҷаи ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нав - буржуазия пайдо гардид. Аввалин конститутсия дар Амрико ва соли 1791 дар Полша ва Франсия қабул шуда буд. Баъдан конститутсия соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо давра ба давра қабул гардид.

Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои осиёӣ ба шумор меравад, аз соли 1929 ин санади тақдирсозро то имрӯз 5 маротиба- солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 бо тағйиру иловаҳо қабул намуд. Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, амали онро фаъол гардониданд. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он бевосита амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Конститутсия аз нигоҳи фалсафӣ дар худшиносии мо се ҷанбаи меъёрҳои муносибатҳои иҷтимоиро таъйин мекунад, ки яке ҳуқуқу озодиҳои умумиинсонӣ, дигаре арзишҳои миллӣ ва ҷанбаи сеюм муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дарвоқеъ, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтаанд. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.» Давлат тамоми гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки дар асоси ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар гардад.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯйи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард, то хусусияти давлатдории миллии моро дар худ инъикос намоянд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлоли мамлакат арзёбӣ шуд. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ доир мешаванд.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯби қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид ва дар асоси ташаккули низоми арзишҳои нав ва баҳамтаъсиррасонии фарҳангҳо ва тамаддунҳои мардумон ҷомеа, зарурати дарки нави арзишҳо ва ба меъёрҳои нав даровардани онҳо ба вуҷуд омад. Мутобиқи конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар ҷомеаи суннатии мо, ки давоми асрҳо дар зери анъанаҳои гуногуни динию идеологӣ шакл гирифта буд, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ кардан кори саҳлу сода набуд. Аммо бо талошҳои пайвастаю хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеӣ - ба танзим даровардани муносибатҳои суннатию муосири ҷомеаи моро иҷро намуд. Дар ояндаи наздик ва дур низ он барои пешрафту шукуфоии давлату миллати тоҷик мусоидат менамояд. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат мебошад. Он чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неру ва илҳоми тоза мебахшад.

Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
доктори илмҳои фалсафа,
Файзалӣ МАҲМАДИЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон