Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
Таҳти чунин унвон санаи 7 июни соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади имлҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва амалисозии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ пайваста барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани тартиби пешбурди фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Исмоил Саъдиев қайд намуд, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур ин муҳокима ва баррасии масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, вусъат додани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани мӯҳлатҳои расонидани хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани хизматҳо вобастагӣ доранд ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Дар кори конференсия муҳаққиқон ва коршиносон аз дохил ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Арманистон ҳамчунин, олимони ватанӣ ва ходимони давлатӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 10 маърӯза дар мавзуҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба монанди фаҳмиши муосири давлати рақамӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқии рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ, мақом ва нақши низоми ҳукумати электронӣ дар рушди идоракунии давлатии соҳаи саноат ва дигар мавзуҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Конференсия кори худро дар ду бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 50 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён баргузории конференсияро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ мебошад.
Дар фарҷоми конференсияи мазкур, иштирокчиён қатънома қабул намуда, таъкид бар он доштанд, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия баҳри тақвият бахшидани консепсияи ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ, дастрасӣ ва самарабахш будани пешниҳоди иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва расонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон, соҳибкорон, дигар шохаҳои ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ ва истифода намудан аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ, мобилӣ ва интернет дар шароити муосир хидмат хоҳад кард.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон