Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии маъмурии шаҳрвандии комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа” ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинии мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия, роҳбари дастгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим Ҷамшед Рашидов чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории курси такмили ихтисос баланд бардоштани савияи донишу таҷриба, малакаву маҳорат ва сатҳи кордонии хизматчиёни давлатӣ буда, иштироккунандагон дар давоми як ҳафта аз мутахассисону коршиносони соҳибтаҷриба ва ходимони давлатӣ дарс меомӯзанд.
Роҳбари дастгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки баргузории курси мазкур таҷрибаи нав дар соҳаи мудофиаи кишвар мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таъмини мудофиаи миллӣ ва амнияти шаҳрвандонро вазифаи худ мешуморад. Аз ин ҷост, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба беҳтар намудани вазъи мудофиавӣ, рушди инфрасохтори амниятӣ ва таъсиси қушунҳои соҳавӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Шоҳрух Ҳамидов, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос муроҷиат намуда, онҳоро ба фаъолнокӣ дар ҷараёни машғулиятҳо ва андӯхтани донишу таҷрибаи устодон даъват намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли раёсат ба шунавандагони курси такмили ихтисос муваффақиятҳо таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур аз 10 то 15 июни соли 2024 идома ёфта, дар интиҳо ба шунавандагон гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон