Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курси мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим Ҷамшед Рашидов, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов ва шунавандагони курс иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ноиби ректори Академия Ҷамшед Рашидов зимни суханронии худ ҳамаи шунавандагони курси такмили ихтисосро бо ҷамъбасти муваффақонаи курс шодбош гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи хизматӣ бурдбориҳо таманно намуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки шунавандагони курс донишу малака ва таҷрибаи дар рафти машғулиятҳои коршиносону мутахассисон андӯхтаи худро дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба таври васеъ истифода хоҳанд бурд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сар карда аз хоҷагии қишлоқ то хизмати давлатӣ ба дастовардҳои бисёр назаррас ноил гардидааст. Тарғибу ташвиқи идеологияи солими миллӣ ва ба ин роҳ пешгирии падидаю зуҳуроти номатлуб, ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, тарғиби тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати миллат заминаҳои рушду инкишофи давлат ба ҳисоб мераванд. Махсусан, тарбияи ҷомеаи солим, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи амнияти давлатӣ мақсаду мароми ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси мамлакат ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат бунёди мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: «Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни машғулиятҳо хизматчиёни давлатӣ ва олимони таҷрибадори соҳа ҷалб карда шудаанд.

Дар курси мазкур, мавзуҳои «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сири давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ», «Ифротгароӣ ва хатари он ба давлатдории миллӣ» ва шарҳи дигар мавзуҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ пешкаши шунавандагон гардонида шуданд, ки аҳамияти мавзуҳои баррасишуда ба такмили донишҳои сиёсии шунавандагон мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҷиҳати расидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату ҳукумат моро зарур аст, ки бо азму талош ва якдиливу муттаҳидии аҳолии мамлакат ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстонаву меҳанпарварона, ҳифзи фарҳангу маданияти ҷаҳонгири тоҷикона дар атрофи роҳбари кишвар муттаҳид бошем ва таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамонро ба сӯйи қуллаҳои муваффақият роҳнамун созем.

Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов дар навбати хеш дар масъалаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ватандӯстӣ муҳаббат ба Ватану сарзамини аҷдодии худ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён намуданд: «Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад».

Дар шароити душвор ва зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки омода бошем ва аз манфиатҳои миллӣ ва амнияту суботи кишвар дифоъ карда тавонем.

Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби раёсати Академия ба шунавандагони курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз гувоҳномаҳо супорида шуд.

 

Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон