Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)

Дар курси такмили ихтисос, ки барои муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз санаи 3 июн то 8 июн аз рӯи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ» баргузор гардида истодааст, Дилноза Аҳмадзода- муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 7 июни соли ҷорӣ аз рӯи барномаи таълимӣ ба 75 нафар шунавандагони курс, ки муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти идеологӣ мебошанд, дарс-лексияро дар мавзӯи мубрам «идеологияи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: таҳлили фалсафӣ- сиёсӣ» бо модули таълимӣ гузаронид.

Зимни таҳлили мавзуъ лектор бештар ба масъалаҳои идеологияи миллӣ (давлатӣ) ва сиёсӣ, ғояҳо ва вазифаҳои идеология, дараҷаҳои идеология, масъалаи таъсири мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ, таҳкими идеологияи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, назарияҳои фалсафиву сиёсии идеологияи миллӣ суҳбат ташкил намуда, ҳар як мафҳумро мушаххасан шарҳ ва тавзеҳ дод.

Инчунин қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва иҷтимоӣ самтҳои рушди давлатдории миллии худро муқаррар намудааст, ки заминаи онҳоро асосан арзишҳои иҷтимоии мафкуравӣ (идеологӣ) ташкил медиҳанд. Идеяи миллӣ бо ифодакунии арзишҳои моддиву маънавӣ ду давра – гузашта ва ояндаро дар бар гирифта, вобаста ба марҳилаҳои рушди давлатдорӣ моҳиятан тағйир ёфтааст, ки давраи аввал барои худшиносии миллӣ ва дуввум барои муқарраркунии ҳадафҳои олии миллат вобаста мебошанд.

Муҳтавои ин низомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин бомаром ифода намудаанд, ки: «Ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад».

Дар баёни мавқеи он бошад ҳамчун дастоварди бузурги миллат таъкид кардаанд, ки: «Акнун замони он расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад», қайд намуд лектор.

Сарчашма: сомонаи расмии

Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ