Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар робита ба ин ҷиҳати табиқи сархати дуюми банди 3 фармони мазкур фармоиши якҷояи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №97 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №456 «Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи Қоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ» тасдиқ карда шудааст.

Бо мақсади таҳия ва тасдиқи Қоидаҳои мазкур ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, шакли ниҳоии он таҳия ва барои тасдиқи якҷояи  Агентии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда шуд.

Дар кори ҷаласа муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодиниё Абдулбосит Шодӣ,  ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе - Мухторов Зайнидин Мухторович, муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кенҷазода Мирзо Анвар ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.

Дар Қоидаҳои мазкур мақсадҳо, вазифаҳо  ва татбиқи он пешбинӣ шуда, вобаста ба донистани сатҳи забондонии хориҷии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, шаклҳои ягонаи таҳияи барномаҳои таълимӣ, тартиби омӯзиши курсҳои забонҳои хориҷи, супоридани санҷиш (тест) аз ҷамъбасти хатми  курсҳои омӯзиш, таъсиси комиссия ва назорати рафти таълим, уҳдадориҳои кормандон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ меъёрҳо муқаррар карда шуданд.

Фаъолият дар  ин самт идома дошта, Қоидаҳои мазкур пас аз тасдиқ ба мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ барои иҷро ирсол карда шуда, натиҷаи он пас аз якуним сол мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуда, аз натиҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда мешавад.

 

Шуъбаи ташкилию иттилоотии

Агентии хизмати давлатӣ