Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми ҷаҳон мешиносад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлолият натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шавад.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи 5 ташаббуси бузурги ҷаҳони дар соҳаи обу иқлим аст, ки дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаҳои махсуси маҷмаа қабул гардидаанд, аз ҷумла:

  1. Пешниҳоди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (1 октябри соли1999) - эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 декабри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид тибқи Қатъномаи №55/196-и Иҷлосия соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он намояндагони 53 давлат, 91 созмони байналхалқӣ, аъзои Ҳукумат, аъзоён ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбобони давлатӣ, дипломатҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
  2. Пешниҳоди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар иҷлосияи 58-ум дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи №58/217-ро қабул карда, солҳои 2005-2015 -ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Мақсад аз эълон кардани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», - тавре дар баромадҳои Президенти кишварамон барҳо зикр шудааст,- проблемаҳои умумибашарӣ вобаста ба обро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор додан ва ду баробар коҳиш додани теъдоди одамони аз истифодаи оби тоза маҳрум дар саросари олам аст.

  1. 20 декабри соли 2010 тибқи Қатъномаи №65/154 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 65-ум оиди эълон намудани соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро қабул намуд. Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардида буд.

Хушбахтона, бо заҳмату талош ва машваратҳои пайваста бо намояндагони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 зимни Иҷлосияи 71-ум Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаи №A/RES/71/222 таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд ва ба ҷонибдории он 177 давлати аъзои ин созмон раъй доданд, ки он аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Мақсади асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ин муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Рӯзи 22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар иҷлосия нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмиллалӣ суханронӣ намуда, ба он расман оғоз бахшиданд.

Рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 доир гардид.

Дар чорабинии мазкур 1500 нафар аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, ҳайатҳои расмии 75 кишвар дар сатҳи гуногун (се ҳайат дар сатҳи Президент ва Сарвазир, се ҳайат дар сатҳи ноиби Сарвазир, 46 ҳайат дар сатҳи вазир/муовини вазир ва 48 ҳайат дар сатҳи фиристодагони махсус ва сафир) иштирок карданд.

  1. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо зимни суханронии худ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, қатънома оид ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард. Бояд қайд намуд, ки ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми мамлакатҳои сайёра ба шумор рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст.

Ҳамин тавр дар Қатъномаи қабулгардида, санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар асоси он соли 2025 дар дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ доир ба ин мавзуъ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки санаи 10-13 июни соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси навбатии 3-юми Душанбе доир ба Даҳсолаи амал оид ба об аз силсилаи конфронсҳоест, ки дар дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати дастгирии татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 гузаронида мешавад.

Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки заминаеро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, ки дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оварда, ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидани амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд.

Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории онҳо аз тарафи давлатҳои аъзои ин созмон бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сайёра равона карда шудаанд ва умедвор аз он ҳастем, ки назари навро дар истифодаи захираҳои обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон талқин ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши босазо мегузоранд.

Зоҳир Набиев - сармутахассиси раёсати

захираҳои оби Вазорат энергетика ва захираҳои

оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистранти

Донишгоҳи миллии Инчони Ҷумҳурии Корея