Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.

Ҳадаф аз ташкили чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занон, омӯзиши қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҷалби бештари занону бонувон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад.

Дар мулоқоти мазкур Рустамӣ Фарзона Рустам-сармутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуда, зимни суҳбат қайд намуд, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими истиқлоли давлатӣ алоқамандии зич дорад.

Дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои  афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Мувофиқи таҳлили навбатӣ ба ҳалати 1 апрели соли 2024 аз 18260 нафар хизматчиёни давлатӣ 4566 нафар 25,0 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5915 нафар ё 32,4 фоизро ташкил дода, аз ин шумора 1147 нафар 19,4 фоиз занон мебошанд.

Дар поёни сухани худ Рустамӣ Фарзона Рустам-сармутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ қайд намуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».

Аз ин лиҳоз, дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо, масъулини соҳаро месазад, ки дар доираи эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии занони соҳаи хизмати давлатӣ даст ба кор бошем ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи қонунвайронкунӣ байни занону бонувон саҳмгузор бошем.

  

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон