Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад ноиби ректори Академия иброз намуд, ки ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ бузургтарин неъмати ҳаёти инсоният мебошад. Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои ҳар як шахси соҳибватану соҳибтамаддун ба шумор меравад. Бо дарки муҳиммияти масъалаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурғановатамон таъкидҳо намуда, ҷомеаро ба он раҳнамун месозанд, ки ватанро дӯст доранд ва дар рушду пешрафти он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов вобаста ба ҳадафи курси такмили ихтисос ибрози андеша намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар доираи курси такмили ихтисос мутахассисони касбӣ, коршиносон ва хизматчиёни давлатӣ, ки дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, ҷалб карда шудаанд.

 

Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон