Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Бо мақсади татбиқи «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақша чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ санаи 1 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи комиссияи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ оид ба масъалаи интизоми хизматчии давлатӣ баргузор гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур, заминаҳои ҳуқуқӣ ва мубрамияти дар низоми хизмати давлатӣ ҷорӣ намудани меъёрҳои одоб нозир-референти Агентии хизмати давлатӣ Толибов Р.Ғ. баромад карда, иброз намуд, ки қабул ва татбиқу риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ фазои солимро ба вуҷуд оварда, идоракунии самаранок таъмин мегардад. Дар раванди баромад мавсуф дар бораи таҷрибаи байналмилали тибқи меъёрҳои одоб, марҳилаҳои таҳия ва қабули Кодекси  одоби хизматчии давлатӣ (солҳои 2004, 2010 ва 2015), принсипҳо, уҳдадориҳои хизматчии давлатӣ, тартиби риояи онҳо, шарҳи мафҳумҳои интизоми давлатӣ ва хизматӣ инчунии механизми назорати ҷараёни татбиқи Кодекс, вазифаҳои роҳбари мақом ҷиҳати андешидани тадбирҳои татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар паҳлуҳои ин падида ибрози назар карда, ҳозиринро дар робита ба таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва риояи бемайлони  талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ даъват намуданд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳо аз қабили садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият дар хизмати давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфтааст.

 

Шуъбаи ташкилию иттилоотии

Агентии хизмати давлатӣ