Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.  Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.

Махзанҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки стандартонӣ таърихи чандин ҳазорсола дошта, стандартҳои аз ҳама содда ва оддӣ аз ҷониби инсоният хеле барвақт аз  солшумории мо роҳандозӣ карда шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар заминаҳои моддӣ-техникии фаъолияти Тоҷикстандарт тақвият дода шуда, талаботи хоҷагии халқи кишвар дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъмин карда мешаванд.

Фаъолияти кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Тоҷикстандарт ба танзим даровардани қоидаҳои стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсикунонӣ ва меъёрҳои савдо дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидории мамлакат равона карда шудааст.

 Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ буда, дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 25 май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ба муносибати ин рӯзи фархунда ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтиром тамоми  кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба онҳо фаъолияти босамар ва пешрафтҳои беназири соҳавиро таманно менамояд.

Иди касбӣ -муборак!

                                                Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди

                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон