Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».

                                                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳ таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомї ва роҳнамои мо ҷавонон» ва «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» санаи 23 майи соли равон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони Агентии хизмати давлати бо ифтихори баланд ва ҳисси ҳуввияти миллї иштирок намудан.

Чорабинии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахуст бо роҳпаймоии ҷавонони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз назди Кули ҷавонон то «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз гардид.

 Сипас дар майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳи пойтахт» чорабинии фарҳанги баргузор гардида, дар он роҳбарони чанде аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону сокинони касбу кори гуногун иштирок карданд.

Дар ин чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба хотири саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи ҷавонон, фаъолияти назаррас дар самти кор бо ҷавонон сарфароз гардонида шуданд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон