Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».

                                                                                                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

  Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон қарор дорад. Дар раванди ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳо барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Иқдомҳо дар маҷмуъ ва махсус нисбат ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатии ҷавон бешуморанд, ки ҳар кадом мавзуи таҳқиқи алоҳидаест. Дар ҳама паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ҳамасола дар парлумони кишвар ироа мегарданд, фасли алоҳида ба ҷавонони кишвар бахшида шуда, фарогири таҳлилу вазифагузориҳоро оид ба рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими саҳми ҷавонон дар ҳаёти кишвар фарогир мебошанд. Мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонони мамлакат ва шунидани андешаи онҳо, дастгирӣ ва пешбарии ҷавонон ба мансабҳои калидии ҳокимияти давлатӣ ҳамагӣ барои бунёди ояндаи кишвар ва ҷавонони ояндасоз нигаронида шудаанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2017, №812 Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 идомаи иқдомҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа буда, татбиқи он таҳаввулоте дар мафкураи ҷомеа дар муносибат бо қишри ояндасози кишвар ва шахсан ба рушди тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти ҷавонон гардид.

Иқдомҳо бешуморанд ва ҳамагӣ аз эътиқоду эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони кишвар шаҳодат медиҳанд.

Маълумотҳои омории соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ, ки ҳар семоҳа аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дархост, коркард, ҷамъбаст ва дар ҳолати зарурӣ чораҷӯӣ карда мешаванд, нишон медиҳад, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2024 теъдоди ҷавонони то 35-сола дар мақомоти давлатӣ 8765 нафар ё 48,0 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатї ва дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад 1594 нафар (26,9 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар назди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ вазифаҳои мушаххас дар робита ба интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону болаёқат, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо гузошта шудааст.

Дар робита ба ин бо мақсади дарёфт ва тарбияи кадрҳои ҷавони босалоҳият Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам бештар таҳким бахшидани саҳми ҷавонон дар хизмати давлатӣ чораандешӣ мекунанд.

Дар навбати худ ҷавонон њам бояд дилгармона ва ҷасурноктар хизмати давлатиро интихоб ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

Боварӣ дорем, ки ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ бо фаъолияти пурсамару бартариятнок, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба халқу Ватан дар маљмуъ ба љавонони Тољикистон сабақи хизмати содиқона, меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дар ин рӯзи фархунда бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ тамоми кормандони соҳаи ҷавонон ва ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро, аз ҷумла хизматчиёни давлатии ҷавононро дар ин рӯзи фархунда самимона шодбош гуфта, ба онњо фаъолияти босамар, муваффақиятҳои беназири соҳавиву ҳаётӣ ва садоқатмандиву пешравии ҳамешагиро таманно менамоем.

Матлаби худро бо яке аз ҳидоятҳои дигари Пешвои муаззами миллат, ки ба ҷавонон-ояндасозониин сарзаминнигаронида шудааст, хотима бахшам:

«Шумо низ дар навбати худ бо масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону аҳли ҷомеа ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро исбот намоед.

Ватан рӯи шонаҳои ҷавону қавии Шумо истодааст ва онро ҳаргиз ба замин нагузоред!».

         

                                                               Ҳайати Агентии хизмати давлатии

                                                           назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон