Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрух Ҳамидов, устодону омӯзгорон, шахсони масъул ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2007 қонуни миллии танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият намуда, дар ба тартиб даровардани муносибатҳои ҷамъиятии ин соҳа нақши муҳимро иҷро мекунад. Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва инчунин як қисми асосии сиёсати давлатӣ қарор додани ин масъала ба беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъмини ҳаёту зиндагии арзанда, дастгирии оилаҳои ниёзманд, таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешгирии хурофотпарастиву хароҷотҳои беҳуда ба шумор меравад.

Дар идома раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суханронӣ намуда, қайд дошт, ки баргузории курсҳои мазкур дар роҳи ташаккули маҳорату малака ва иқтидори хизматчиёни давлатӣ ва тавсеа бахшидани донишҳои онҳо заминаи асосӣ ба шумор рафта, боиси беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии мақомоти давлатӣ ба аҳолӣ мегардад.

Дар фарҷом шахсони масъул ба шунавандагони курс дар роҳи аз худ намудани донишҳои наву замонавӣ муваффақиятҳо таманно намуданд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон