Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

    Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

   Мувофиқи банди 3 фармони мазкур Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм барои таъсиси комиссияи дахлдор ҷиҳати назорати ҷараёни омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таҳияи Қоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ вазифадор карда шудаанд.
   Дар робита ба ҷараёни амалишавии дастури мазкур ва корҳои анҷомдода шуда, Шумо метавонед маълумоти тавсиявии заруриро аз сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонии  www.ahd.tj, аз ҷумла дар гӯшаи «хабарҳои Агентӣ» (хабару гузоришҳо), дар гӯшаи «китобхона – дар қисми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»), дар қисми фармоишҳо (фармоиши якҷояи Агентии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024,№97/456 «Дар бораи  таъсиси гурӯҳи  корӣ вобаста ба таҳияи Қоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ», дар қисми фармоишҳои Агентӣ (фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 18 апрели соли 2024, №92 «Дар бораи ташкили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ» ва дар қисми Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ (Нақшаи амалисозии фармони Презденти Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ», ки аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатӣ аз 28 марти соли 2024 тасдиқ карда шудааст) дастрас намоед.
   Ҳамзамон аз роҳбарияти мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар амалисозии фармони мазкур тибқи муҳлатҳои муқарраргардида чораандешӣ намоянд

 

 

                                   Агентии хизмати давлатии назди
                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон